“Ифтитоҳи пули мошингузар ва як мактаби замонавӣ дар шаҳри Турсунзода“

0
331
views

Ба муносибати 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода иншоотҳои гуногуни ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ба ин муносибат сокинони деҳаҳои Зиёраттут, Боғи Ирам ва деҳаи Сангқалъаи Ҷамоати деҳоти Навобод як пули мошингузарро сохта ба истифодадоданд. Дар маросими ифтитоҳи пули деҳа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки копруки мазкур дар натиҷаи саҳми мардуми чор деҳаи Ҷамоати деҳоти Навобод ва кумаки соҳибкорони махҳаллӣ сохта шуд. Ин пул 80 метр дарозӣ дошта, паҳноияш ба 3-метр баробар аст. Иқтидори борбардории копрук то 5-тонна муқарраршуда аст.

Роҳбариятияти шаҳр дар якҷоягӣ бо муовини Сарвазир дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳоти Работ иштирок кард. Меҳмононро шогирдони мактаби мазкур пешвоз гирифтанд. Бояд гуфт,ки сохтмони  ин таълимгоҳ моҳи июли соли 2015 оғоз шуда буд. Дар сохта ба истифода додани бинои мактаб саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷурабек Муҳибов ва сокинони деҳоти Работ бориз аст.

Мактаби мазкур аз 2-ошёна иборат буда, дорои 16-синфхона ва 4-утоқи корӣ мебошад. Таълимгоҳ бо сифати баланд сохта шуда ба талаботи ҳозиразамон мувофиқ аст. Дар ин ҷо дар як баст қариб 600-нафар хонанда таҳсил мегирад.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here