Намоишгоҳи тирамоҳии ҳунармандӣ-2017 дар Душанбе

0
82
views

Дар Маркази исмоилияи Душанбе рӯзҳои 13-15 октябр Намоишгоҳи байнулмилалии тирамоҳии ҳунармандӣ доир мегардад. Имсол он ба 5-солагии таъсиси Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бахшида мешавад.

Намоишгоҳ бо ибтикори Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода мешавад.

Муддати се рӯз дар намоишгоҳ маҳсулоти ҳунармандии беш аз 100 нафар косибону ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин аз Қирғизистону Афғонистон ба маърази фурӯшу тамошо гузошта мешаванд.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ маснӯот аз чӯб, маҳсулоти наққошӣ, сабадҳои бофташуда, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, сарулибоси замонавии бо шакли миллӣ дӯхташуда, маснӯоти заргарӣ, маҳсулот аз чарм, туҳфаҳо ва ғайра пешкаш хоҳад шуд. Хоҳишмандони омӯхтани нозукиҳои чанде аз касбҳои ҳунармандӣ метавонанд дар машғулиятҳои аз ҷониби ТҒД «Алегрия» ташкилшуда иштирок кунанд.

Манаъ: news.tj

Манбаъи акс: news.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here