Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон сафар намуд

0
61
views

Имрӯз дастаи   мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 ба шаҳри Табрези Эрон сафар кард.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «В» аз 15 то 17 октябр доир мегардад. Мусобиқа бо бозӣ байни дастаҳои  мунтахаби  футзали Афғонистон ва Эрон 15 октябр оғоз мешавад. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон нахустин рақобати хешро бар зидди  дастаи мунтахаби Афғонистон 16 октябр анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки  мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ 17 октябр бо бозӣ миёни  дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад.

Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6 то 18 феврали соли 2018 дар Тайван баргузор мешавад, аз гурӯҳи «В» ду дастаи беҳтарин роҳ меёбад.

Манбаъ:  khovar.tj

Манбаъи  акс: khovar.tj

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here