Имрӯз муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ҷанбаҳои илмию таърихии ҷашнҳои Меҳргону Садаро баррасӣ мекунанд

0
12
views

Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Меҳргон Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҷашни Меҳрон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар симпозиум муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои Озарбойҷон, Франсия  ва дигар кишварҳо ҷанбаҳои илмию таърихии қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор-Меҳргону Садаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, муҳаққиқон дар мавзӯъҳои «Нигоҳе ба ҷашнҳои Меҳргон ва Анор» (Озарбойҷон), «Намои фарҳангшиносии ҷашни Меҳргон», «Нигарише ба арзишҳои таърихии Меҳргон» (Франсия),  «Нигоҳи нав ба ҷашни Меҳргон», «Ҷашни Меҳргон дар оинаи фарҳанги мардумӣ», «Решашиносӣ ва маънишиносии вожаҳои Меҳргон ва Сада», «Иртиботи таърихии Меҳргон ба мероси мусиқии тоҷикон», «Меҳргон дар гузари айём», «Доир ба паҳлуҳои равонӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангшиносии ҷашнҳои тақвимии тоҷикӣ-эронӣ»,  «Меҳргон –ҷашни шоҳону хусравон» ва «Сайрҳои тирамоҳӣ- идомаи ҷашни Меҳргон» маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here