«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон»- маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор

0
62
views

Дирӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар Хонаи адибони ба номи М. Турсунзода бо иштироки адибону шоирони маъруфу шинохта ва навқаламу эҷодкор маҳфили навбатии адибони ҷавони навқаламу эҷодкор таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» доир гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, дар ҷамъомад муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода,  муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, шоирону нависандагони маъруфи кишвар, адибони ҷавон, гирандагони стипендияи президентӣ, ҷавонони навқалам ва муҳассилини болаёқати муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ҳозиринро бо Соли ҷавонон ва ҷашни аҷдодиву миллиамон- Меҳргон табрик гуфт.

Сипас аз ҷониби адибони ҷавон ва мутрибону сарояндагон дастагули шеъру таронаҳои дилангез пешкаши ҳозирин гардид.

Ҷовидон бод_ ҷавонӣ ва ҷавонон_- маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор _1 Ҷовидон бод_ ҷавонӣ ва ҷавонон_- маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи аксҳо: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here