Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд

0
138
views

Пагоҳ дар Душанбе Анҷумани IV роҳсозони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  /ИДМ/ баргузор мегардад. Дар он  ҳудуди 300 нафар  роҳбарону намояндагон ва мутахассисони ниҳодҳои роҳсозии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла,  вазоратҳои нақлиёту коммуникатсия, ҷамъиятҳо ва анҷуманҳои роҳсозони ИДМ  ва кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Дар  ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки дар Анҷумани IV роҳсозони кишварҳои ИДМ масъалаҳои мубрами марбут ба рушд ва беҳтар намудани  шабакаи роҳҳои  миллии  кишварҳои  ИДМ баррасӣ шаванд.       Ҳамзамон дар доираи баргузории Анҷумани IV роҳсозони ИДМ ҷаласаи XXXIX Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон конфронси байналмилалии  илмӣ-амалии «Технологияҳои инноватсионӣ дар бахши роҳсозӣ» доир мегарданд.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here