Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд

0
167
views

Аз  10 то 12 ноябр дар шаҳри Сочии  Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар чемпионати имсола қариб 1000 нафар варзишгарон  аз 90 кишвар  иштирок менамоянд. Аз ҷумла, варзишгарон аз   Чин, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д’Ивуар   барои медалҳо рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   дар ин мусобиқа  варзишгарон  Ҷомии Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг) ва  Набимуҳаммад Хоркашов (+100 кг)  намояндагӣ мекунанд.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here