Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии «АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо-2018» доир мегардад

0
136
views
Печать

23-24 майи соли 2018 дар шаҳри Москва нахустин Намоишгоҳи байналмилалии «АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо-2018» баргузор мегардад.

Тавре дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намоишгоҳи мазкурро Иттифоқи байналхалқии ташкилотҳои ғайридавлатии «Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё» ташкил намудааст.

Мақсади намоишгоҳ баррасии самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла, таҳкими ҳамкорӣ дар омӯхтани мероси ғании фарҳангии халқҳои Аврупо ва Осиё, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи робитаҳои фарҳангии байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, рушди туризм, нашри китобҳои ҷуғрофию таърихӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо-2018» хоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро аз сомонаи www.itb-expo.ru дастрас намоянд.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here