Дар 6-умин Саммити байналмилалии сайёҳӣ дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Малайзия баррасӣ гардид

0
132
views

Аз 4 то 6 декабри соли равон дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия бо ташаббуси Вазорати сайёҳӣ ва фарҳанги Малайзия ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид 6-умин Саммити байналмилалӣ дар мавзӯи «Туризми устувор ва рақобатпазир дар барномаи рӯзмарраи шаҳрӣ» баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур Тоҷикистонро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода намояндагӣ карда, ҳамчунин дар он    869 намояндаи дигар аз 45 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ҳамоиш  4 декабри соли равон мулоқоти Ҳабибулло Амирбекзода бо Вазири сайёҳӣ ва фарҳанги Малайзия Дато Сери Муҳаммад Назрӣ Абдул Азиз баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм (моҳи июни 2014 имзо шуд) иброз намуда, ташкил намудани давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Малайзияро муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин зимни ҳамоиш Ҳабибулло Амирбекзода бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ Толиб Рифоӣ мулоқот намуда, рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ-ро баррасӣ намуданд.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here