ИДИ КАСБӢ МУБОРАК, ГЕОЛОГҲО! Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуротҳои маъданию ғайримаъданӣ кашф шудаанд

0
175
views

“Тоҷикистони мо кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рӯи замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризаминии он метавонанд чун омили мустаҳкам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намоянд.Барои ин моро зарур аст, ки аз ин сарвати худодод ҳарчи бештар ва самараноку оқилона истифода намоем».

Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 09.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2011 инҷониб геологҳои Тоҷикистон 9 декабр Иди касбии худ-Рӯзи геологҳоро ҷашн мегиранд. Бояд зикр намуд, ки таърихи омӯзиши геологии ҳудуди Тоҷикистон давраҳои тӯлониро дар бар мегирад. Тӯли мавҷудият геологҳо тадқиқоти гуногунҷабҳаро гузаронида, дар миқёсҳои гуногун корҳои геологӣ-аксбардорӣ, ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ анҷом додаанд. Ҳамчунин барои тамоми масоҳати ҷумҳурӣ дар миқёсҳои гуногун харитаҳои геологӣ, тектоникӣ, канданиҳои фоиданок, геоморфологӣ ва геохимиявиро тартиб додаанд.

Тавре сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд, дар ин давра аз ҷониби мутахассисони соҳа дар сарзамини кишвар зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуротҳои маъданию ғайримаъданӣ, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, маводи сӯзишворию сохмонӣ кашф шудаанд, ки зиёда аз 50 намуди ашёи минералиро доро мебошанд.

Ба нақли номбурда, имрӯз Саридораи геология асосан тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» корҳоро ба роҳ мондааст. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорат аз рӯи равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиши обҳои зеризаминӣ мақсади асосии Барнома буда, вазифаҳои аввалиндараҷаи он амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат ба захираҳои ашёи минералӣ, ба таври комплексӣ омӯхтани қаъри замин барои азнавбарқароркунии базаи ашёи минералӣ ва таъмини афзоиши захираҳои иктишофшудаи канданиҳои фоиданок равона шудаанд. Дар заминаи ашёи минералӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳои кӯҳию маъданӣ, сузишворӣ, энергетикӣ, сохтмонӣ, хоҷагии деҳот, коркарди санг ташкил гардида, рушд меёбанд. Доираи ҷобаҷокунии корхонаҳое, ки ашёи минералиро истифода мебаранд, васеъ шуда, қариб ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад.

Заробиддин Файзуллозода гуфт, ки ҳудуди Тоҷикистон то имрӯз бо аксбардории геологии миқёсмиёна (1:200000) 100 фоизро фаро гирифтааст. Вале аксбардории геологии миқёси 1:100000 бошад, танҳо дар 37,7 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, ки натиҷаҳои корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологии солҳои охир нишон медиҳанд, ки фонди конҳои нав кушодашаванда ҳанӯз пурра ба охир нарасидааст.

Дар ҳоле, ки дар қаъри замини ҷумҳурӣ барои кушодани конҳои нави намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданок имконият мавҷуд буда, қисме аз объектҳои маълум тибқи натиҷаҳои корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ метавонанд ба гурӯҳи конҳои саноатӣ гузаронида шаванд.

“Соҳаи геологияи ҷумҳурӣ имрӯз ба мутахассисони касбҳои гуногуни дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус эҳтиёҷ дорад ва мукаммал намудани системаи тайёркунии мутахассисон, коркард ва ҷорӣ намудани барномаи тайёр намудани мутахассисони тахассуси геологӣ, ки ба инҳо чорабиниҳои ташкилӣ, меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва молиявӣ-иқтисодӣ дохил мешаванд, дар назар аст. Ҳамзамон таъмин намудани талаботи кадрӣ аз ҳисоби баланд бардоштани нуфузи касби геолог ва ба соҳа вобаста кардани мутахассисони дорои маълумоти геологӣ ба талабот ҷавобгӯ лозим мебошад”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба маълумоти сардори Саридораи геология, дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани технологияҳои муосири корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2025 қабул гардид. Дар робита ба ин Заробиддин Файзуллозода иброз намуд, ки дар доираи ин Барнома омодагӣ барои иҷрои корҳои саҳроӣ, аз қабили ҷамъоварӣ ва муайян намудани майдонҳои ояндадор бо истифода аз маводҳои фондӣ ва бойгонӣ гузаронида шуда, омӯзиши геологии майдонҳои пешниҳодшуда ҷараён доранд.

“Ба ғайр аз корҳои ҷустуҷӯи ашёи минералӣ Саридораи геология ба ҳалли масъалаҳои геологияи муҳандисӣ ва гидрогеология машғул аст. Проблемаи сохтмони иншооти калону хурди саноатӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои азим, нақбҳо, пешгӯӣ намудани ҳодисаҳои нохуши табиӣ, бо оби зеризаминӣ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ масъалаҳое мебошанд, ки кормандони мо ҳамарӯза ба он машғуланд”,-илова намуд номбурда.

Дар баробари ин зикр кардан ба маврид аст, ки кормандони соҳа тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар омӯзиши объектҳои сохтмонии азими кишвар, аз қабили НБО “Роғун”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва “Бойғозӣ”, роҳҳои оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва Ёвон-Ваҳдат, нақбҳои мошингарди Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар ва Чормағзак, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи “Ҷануб-Шимол”, “Лолазор-Хатлон”, “Лолазор-Сангтӯда-1”, роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма, Душанбе-Рашт-Саритош, Душанбе-Хуҷанд-Чанак иштирок намуда, сохтмони онҳоро бо натиҷаҳои тадқиқоти муҳандисию геологӣ таъмин намудаанд.

Бино ба зикри роҳбари ин ниҳод, Саридораи геология бо шарикони хориҷӣ низ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла бо Хадамоти геологии Хитой дар гузаронидани иктишофоти геохимиявӣ дар ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Хитой, бо Хадамоти геологии Финляндия дар омӯзиши геофизикӣ ва гидрогеологӣ, бо Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти баҳодиҳии иқтисодии конҳо, канданиҳои фоиданок ва омӯзонидани геологҳои ҷавон корҳои назаррасро анҷом додааст.

Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Айни замон, дар шароити соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти кишварро бе ташкили корхонаҳои калони саноатии коркардкунандаи ашёи минералӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст».

“Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди ашёҳои минералӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ, дар заминаи конҳои кашфшуда, соҳаҳои саноати кӯҳию маъдантозакунӣ, кимиё, сӯзишворию энергетикӣ, сохтмонӣ ва сангтарошию заргарӣ бунёд ва рушд ёфта, даҳҳо корхонаҳои нави коркарди маъдан ба истифода дода шудаанд. Дар назди Саридора таъсис додани Маркази додаҳои улуми замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамикунонии харитаҳои геологӣ ва ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок бо воситаи барномаҳои компютерии классҳои «Макромайн» ва «Датамайн», таъсиси Маркази омӯзиши равандҳои экзогенӣ исботи гуфтаҳои боло мебошад,-изҳор намуд Заробиддин Файзуллозода.

Ба гуфтаи Заробиддин Файзуллозода, дар айни замон кормандони соҳаи геология тамоми кӯшишу дониши худро ба он равона сохтаанд, ки иқтисодиёти кишварамон заминаи боэътимоди ашёи минералии худро дошта бошад.

Мавҷуда АНВАРӢ

АМИТ “Ховар”

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here