Дар Душанбе нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Италия доир гардиданд

0
21
views

15 ноябри соли 2018 нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Хусейнзода ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкории иқтисодию сиёсӣ, гуманитарӣ, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимомро муҳокима намуданд.

 Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here