Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мегардад

0
14
views

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ассотсиатсияи сайёҳии Зарафшон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-30 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва армуғонҳои сайёҳиро доир менамояд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, намоишгоҳ рӯзи якум аз соати 18:00 то 20:30 идома ёфта, ташкилкунандагони чорабинӣ аз тариқи рӯнамо коллексияҳо ва фурӯшҳоро ба намоиш мегузоранд.

Рӯзи дуюм, чорабинӣ аз соати 9:00 оғоз гардида, то соати 19:00 маърӯзаҳо, мастерклассҳо ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ташкил мегардад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём дар байни халқи мо инкишоф ёфта, оммавӣ гаштааст. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияту шароитҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои ҳунармандон имконият медиҳад, ки ҳунару истеъдоди хешро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

 Манбаъ: khovar.tj
Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here