Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Гонгконг соҳиби медали тилло гардид!

0
15
views

Паҳлавонони ҷавони   тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки  1-2 декабр дар шаҳри  Гонконг баргузор  гардид, 2 медал ба даст оварданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни -73 кг гӯштин гирифтанд.

Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб намуда, дар финал бар варзишгари Япония Даичӣ Танака пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Гонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Япония Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ишитрок намуданд.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс:  khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here