Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020

0
40
views

Фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар ҷаласаи ситоди  ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим доир гардид,  баррасӣ шуд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа вобаста ба масъалаи  матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат  ва шаҳру ноҳияҳои  кишвар доир ба корҳои  анҷомдодаашон  гузориш доданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар интиҳои ҷаласа  ба масъулини вазорату идораҳои марбутаи соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои  бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои дахлдор, фаъолияти мунтазам ва самарабахш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 супоришҳои мушаххас дод.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи акс: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here