Мақомоти рус: «Эҳтимол дорад миёни қурбониён шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳам бошанд».

0
60
views

Мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия мегӯянд, ки эҳтимол дорад дар миёни қурбониёни садамаи ҳавопаймои ширкати «Аэрофлот», шаҳрвандони дигар кишварҳо низ бошанд.

Тибқи охирин гузоришҳо, дар ин ҳодиса беш аз 40 нафар ҷон бохта ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Ҳодиса шоми 5-уми май иттифоқ афтод.

То ҳол дақиқ нест, ки дар миёни қурбониёни ҳодисаи садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи «Шереметово»-и Маскав, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё на. Дар феҳристи қурбониёни ҳодиса, ки расонаҳои русӣ нашр карданд, ду исми наздик ба насабҳои тоҷикӣ дида мешавад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар ҳақиқат миёни номи қурбониёни ҳодисаи ҳавопаймо ду насаби тоҷикӣ дида мешавад. Вале масъулини намояндагӣ мегӯянд, феълан дақиқ карда истодаанд, ки оё миёни қурбониёни ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё на.

Масъулини Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия мегӯянд, ҳуввияти пурраи қурбониёни ҳодисаро дақиқ мекунанд. Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия субҳи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар умум қурбониёни ҳодиса асосан шаҳрвандони Русия ҳастанд.

Вале ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфт, мумкин аст дар ин миён шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ дар ин ҳодиса ҳалок шуда бошанд. Мақомоти Русия мегӯянд, соатҳои наздик ҳуввияти ашхоси ҳалокшуда пурра нашр хоҳад шуд.

Масъулини ширкати «Аэрофлот», ки ҳавопаймояшон ба ин ҳодиса рӯбарӯ шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то чанд соати оянда ҳувияти комили қурбониёни ин рӯйдод эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, дар ҳоли ҳозир мақомоти Русия муайян мекунанд, ки мусофирони хатсайри Маскав-Мурманск шаҳрвандони кадом кишвар мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома, ҳалокати даҳҳо нафар дар ин ҳодисаро ба ҳамтои русаш Русия Владимир Путин, тасаллият гуфтааст. «Дар робита ба ин фоҷеа тасаллияти амиқи худро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Русия иброз намуда, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед»,-омадааст дар паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин.

Ҳавопаймои ширкати «Аэрофлот» шаби гузашта ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи «Шереметево»-и Маскав оташ гирифт. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки дар ин ҳодиса 41 нафар ҷон бохта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Хабаргузории ТАСС навишт, ки дар дохили ҳавопаймо 73 мусофир ва 5 узви экипаж буданд.

Ҳавопаймои «Суперҷет»-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Маскав-Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд. Хадамоти “Flight Radar” гузориш дод, ки ин ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст.

Ширкати «Аэрофлот» гуфт, ҳангоми нишасти изтирорӣ муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ ё техникӣ ба фурудгоҳи “Шереметево” баргашта буд. Таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Манбаъи аксҳо: ozodi.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here