Наздик ба 20 муҳоҷири тоҷик дар Латвия ба ғуломӣ афтодаанд

0
16
views

Мақомоти Латвия мегӯянд, 19 шаҳрванди Тоҷикистонро аз ғуломӣ озод кардаанд. Се нафари онҳо ба ватан баргаштанд, 16 тан дар паноҳгоҳи давлатӣ ба сар мебаранд.

Бино бар хабари шабакаи телевизионии LNT-и Латвия, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бахши бозрасии давлатии кор муроҷиат кардаанд, ки зиёда аз чаҳор моҳ дар як ширкати бинокории Латвия, дар шароити сангин кор карда, танҳо қисми хеле хурди музди хешро гирифтаанд, гуруснагӣ мекашанд ва дар шароити ғайриинсонӣ зиндагӣ мекунанд.

Намояндаи Бахши бозрасии давлатии кор Байба Пушукалне мегӯяд, барои таҳқиқи вазъи ин муҳоҷирон ниҳодҳои дигари Латвия, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, ҷалб карда шуданд. Пажуҳишгарон ба натиҷае расиданд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба ғуломӣ афтодаанд. Шиносномаҳои онҳо аз тарафи кордиҳанда мусодира гашта, онҳо наметавонистанд, аз кор даст кашанд ва ба ватани худ бозгарданд.

“Онҳоро дар кишвари бегона гурусна ва дар ҳолати ноилоҷӣ гузоштаанд,” – гуфт ҳамоҳангсози ВКД Латвия дар мубориза бо қочоқи инсон Ласма Стабиня. Вай афзуд, ин нахустин ҳолати ба ғуломӣ афтодани одамон дар ҳудуди Латвия аст.

“Дар ҳуҷрае, се нафар зиндагӣ мекарданд, ҳашт дона картошка ва ду пиёз буд. Яхдони онҳо тамоман холӣ буд ва кордиҳанда барояшон пуле намедод, ки одамон гурусна намонанд. Бархе аз онҳо бо бемориҳое гирифтор шудаанд, ки аз гуруснагӣ сар мезананд. Ҳамаи нишонаҳои ба ғуломӣ афтодани одамон дида мешуданд,” – гуфтааст раиси созмони ғайридавлатии “Паноҳгоҳ ва ҳимоя” Сандра Залтсмане, ки ҳоло ба ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба кумаки молӣ мекунад ва барояшон сарпаноҳ додааст.

Шабакаи телевизионии LNT-и Латвия ба нақл аз намояндаи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар гуфтааст, ҳоло талош мешавад, вазъи ҳамаи муҳоҷирон санҷида ва ҳолатҳои дигари бадрафторӣ ба онҳо кашф карда шавад. Гуфта мешавад, бештар аз Украина ва Тоҷикистон ба ин кишвар муҳоҷирони корӣ сафар мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Манбаъи акс: ozodi.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here