Рамазон Раҳимзода: «Ҷавонони боғайрат метавонанд нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баландтар бардоранд»

0
12
views

Дар ҷамъомаде, ки 4 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Абдусаттор Фаттозода, ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони гурӯҳи «Авангард» иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро самти афзалиятнок шуморида, пайваста баҳри онҳо ғамхориҳои падарона зоҳир менамояд. Ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имкон медиҳад, ки ҷавонони боғайрати миллат дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, обрӯ ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло намуда, номбардорони ин миллати куҳанбунёд гарданд.

Мавсуф изҳори умед намуд, ки «ширкаткунандагони ҷамъомади мазкур, ки донишҷӯёну ҷавонони фаъоли мамлакат мебошанд, метавонанд дар масъалаи пешгирӣ намудан ва мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуроти номатлуб дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд».

Зимни ҷамъомад як гурӯҳ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ доир ба пешрафти соҳаи илму маориф изҳори андеша карданд. Тавре ҷавонони фаъол зикр карданд, аксари онҳо дар кори тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа бо кормандони милитсия ҳамкории наздик доранд.

Дар идомаи ҷамъомад миёни роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва донишҷӯёну курсантон табодули афкор сурат гирифт.

Манбаъ: khovar.tj

Манбаъи аксҳо: khovar.tj

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here