РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК!

0
259
views

Имсол  74-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва  мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки   саҳми босазои худро дар  таъмини Ғалаба бар фашизм  гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.

Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои  ба  даст  овардани  пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои  шадиду хунин аз кишварҳои  иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон  сафарбар шуда буданд. Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои  зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз  1700 шаҳр  хароб гардид, миллионҳо нафар   бехонаву дар монданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра аҳолиаш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медод, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Родмардоне, ки  дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо нишон додаанд,  мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд.

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи  Ватан  ба ҳалокат расидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here