ШТР «Регар»

                            Дар бораи телевизион

Ширкати телевизион ва радиои «Регар» моҳи марти соли 1993 таъсис ёфтааст.

  • Забони пахши барномаҳои худӣтоҷикӣ (80%) ва русӣ (20%)
  • Ҳудуди фарогири пахши эфирӣшаҳрхои Турсунзода, Хиссор ва нохияи Шахринав. Инчунин вилояти Сурхандарёи Чумхурии Узбекистон.
  • Ҳаҷми пахши барномаҳо: 11 соат дар як шабонарӯз.
  • Макониҷойгиршавӣшахри Турсунзода кӯчаи 15 солагии Истиќлолият.
  • Суроғаи электронӣtvregar@gmail.com

Ширкати телевизион ва радиои «Регар»  додани иттилоот фаврию объективӣ, ташаккули ҷомеъаи шаҳрвандӣ, бунёди ҷомеъаи демократӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешрафти маънавиёти ҷомеъаро аз вазифаҳои аввалин дараҷаи худ медонад.

            Тв Регар аз шаш шӯъбаи истеҳсолӣ иборат аст:

  1. Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ. Барномаҳои «Хабар» (иттилоотӣ), «Чамъбасти ҳафта»(иттилоотӣ-ҷамъбастӣ) «Мусоҳиба»(саволу ҷавоб дар пахши мустақим) шомили ин шӯъба буда, мувофиқи ҷадвали намоишҳо манзури тамошобинон мегардад.
  2. Шӯъбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ. Ин шӯъба барномаҳои гуногунжанрро дар риштаи таҳлил таҳия мекунад. Барномаҳои «Равзанаи Андеша»(ток-шоу), «Минбар»(таҳлилӣ) ва инчунин гузоришҳои махсуси таҳлилӣ ин шӯъба аст.
  3. Шӯъбаи маърифатӣ-фароғатӣ ва мусиқӣ. Ин шӯъбаест, ки барномаҳои маърифатию адабии гуногунмазмунро таҳия мекунад. Барномаи «Субхи Диёр» «Навои хафта» «Маъвои хунар», барномаҳои мусикии тарғибкунандаи санъати миллии «Шашмақом» аз шумори барномаҳои ин шӯъба мебошанд.
  4. Шӯъбаи техникӣ. Ширкати телевизион ва радиои «Регар» аз соли 1995-юм инҷониб дар формати нави сабти тасвирҳо бо таҷҳизоти рақамӣ (цифровое оборудование) DVCAM (PRO) муҷаҳҳаз аст ва то имрӯз дар ин шакл кор бурда истодааст. Гузариш ба намуди раќами имконият дод, ки сифати техникии барномаҳо низ беҳтар шавад.
  5. Шуъбаи тичорат: (истеҳсол ва фурӯш) Аз рӯзи таъсисёбияш то имрӯз дар назди Ширкати телевизион ва радиои  «Регар» фаъолият мекунад.
  6. Радиои «Садои Осиё» хамаруза 24 соат бо барномахои иттилооти, тахлили, фарханги ва фароѓати руи мавчи 106.8 FM пахш мегардад.